Размозмо

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Размозмо (форсӣ: رزم‌آزما) — дараҷае размоварӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз разморо ва пойинтар аз размпардоз дорад ва баробар бо меҳновёр дар нерӯи дарёӣ аст; старшина[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Разморо

Размозмо
Дараҷаи болотар:
Размпардоз
Quick facts Размозмо, Кӯтаҳнивишт ...

Размозмо дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми меҳтарии ваштро дорад, ки ягоне размиест, ки аз ду ё бештар таҳм ташкил шуда ва бахше аз гурдон ё ягоне мустақил аст; гурӯҳон[2], рота[3].

Меҳтар мақомест расмӣ дар ҳар вашт (оташбор) аз нерӯҳои мусаллаҳ, ки масъули омодасозии сарбозону размафзору ҷангафзорҳор ва созмондиҳандаи мустақими назму тартибот дар маҳалли истиқрори вашт ва сардори мустақими размоварону сарбозони ягони худ аст. Ҳамчунин размозмоён кормандони «омодгоҳ» ҳастанд, ки он созмоне дар артиш аст, ки масъули фароҳамсозӣ, нигаҳдорӣ ва таҳвили хӯроку пӯшоку ҷангафзорҳои мавриди ниёзи ягонҳо ва маҳалли анҷоми хадамоти пуштибони фаннии нерӯҳо аст[4].

Remove ads

Вожашиносӣ

«Размозмо» аз ду вожа сохта шудаву мақулаи дастурии он исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он чунин аст: [исм (разм) + асоси замони ҳозираи феъли «озмудан» (озмо)]. Дар сохти ин сифат аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст:

разм (порсии миёна: razm < порсии бостон: *razma-рада” < эронии бостон: *raźman-ороиши ҷангӣ” аз √*raź-оростан; тартиб додан, идора кардан[5]) + озмо (порсии миёна: uzmāy- < порсии бостон: *uz-māya- < √*māy-андоза гирифтан, санҷидан[6]).

«Размозмо» ба маънои «касе, ки ҷангро хуб озмуда бошад ва биозмояд; размозмуда»[7] таркибе кӯтоҳшуда аз «размозмоянда» аст ва фарҳангҳо маънояшро «ҷангозмуда[8]; ҷанговари пуртаҷруба; ҷангозмуда ва бовуқуф дар илми ҷанг»[9], «ҷангҷӯи ботаҷруба»[10] овардаанд. Ин вожа дар «Шоҳнома» чандин бор ба кор рафтааст:

Чу он дид Густаҳми размозмой,
Ба кирдори оташ баромад зи ҷой...

Бишуд пеши Сӯҳроб размозмой,
Бар аспаш надидам фузун з-он ба пой[11].

«Размозмо» барои ҷойгузинии дараҷаи низомии «старшина» ба Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[12].

Remove ads

Пешина

Quick facts Сипоҳи Ҳахоманишиён, Ягонҳо ...

Размозмо ҳамчун мақоми размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадааст. Дар сипоҳи Ҳахоманишиён (порсии бостон: *spāda- [сипоҳ]), ки бар пояи радабандии даҳ-даҳӣ созмон ёфта буд, аз 10 сарбоз як *daθa- [даҳа] ташкил мешуд, ки сардораш *daθapati- [даҳабад] буд[13]. Аз 10 даҳа як *θata- [сада] ташкил мешуд, ки фармондеҳаш *θatapati- [садабад] буд[13]. Аз 10 сада як *hazāra- [ҳазора] ташкил мешуд, ки онро *hazārapati- [ҳазорабад] фармондеҳӣ мекард[14]. Аз 10 ҳазора як *baivara- [бевара] ташкил мешуд, ки фармондеҳаш *baivarapati- [беварабад] буд[14]. Сарфармондеҳи сипоҳи Ҳахоманишиён *spādapati- [сипаҳбад] буд[15].

Агар шумори нерӯҳои ин ягонҳоро бо воҳидҳои низомии артишҳои имрӯзӣ ҳамсанҷӣ кунем, даҳа бо отделение, сада бо рота, ҳазора бо полк, бевара бо дивизия ва сипоҳ бо армия баробар мешаванд. Бо ҳамин қиёс, даҳабад бо сержант ё старшина, садабад бо лейтенант ё капитан, ҳазорабад бо майор ё полковник, беварабад бо генерал-майор ё генерал-лейтенант ва сипаҳбад бо генерал-полковник ё генерали артиш баробар мешаванд.

Сержант (фр. sergent, аз лот. serviens) худ ба маънои «чокар, хидматгор, хидматгузор» аст ва ҳамчун рутба нахустин бор дар асри XV дар артиши Фаронса ва сипас артишҳои Олмон ва Бритониё ба кор рафтааст. Дар садаҳои миёна дар нерӯҳои муздур ва артиши кишварҳои урупоӣ шаш намуд сержант хидмат мекард:

  1. дар радаҳокапрал ё сержанти хурд.
  2. дар таҳмҳосержант.
  3. дар ваштҳомастер-сержант ё сержанти калон.
  4. дар гурдонҳоштаб-сержант.
  5. дар ҳангҳосержант-майор, ки дертар майор номида шуд.
  6. дар ситоди сарфармондеҳи артиш (капитан-генерал) — генерал-сержант-майор, ки дертар генерал-майор номида шуд.

Дар Артиши Сурх дараҷаи «сержант» ҳамчун рутбаи фардӣ 2 ноябри соли 1940 ҷорӣ шуда буд.

Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дараҷа 23 феврали соли 1993 ҷорӣ шудаву чаҳор рутба дорад:

  1. сержанти хурд,
  2. сержант,
  3. сержанти калон,
  4. старшина.

Дар нерӯҳои мусаллаҳ барои фармондеҳии ҳар ягони размӣ мақоми созмоние дар назар гирифта шудааст. Бино бар ойинномаҳои низомӣ, мақоми созмонии ин дараҷадорон фармондеҳии рада, тонк, зиреҳпӯш ва дигарҳо аст.

Дараҷаи «старшина» (русӣ: старшина, аз русӣ: старший — меҳтар) ҳамчун рутбаи шахсӣ дар Артиши Сурх соли 1935 ҷорӣ шуда буд. Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дараҷа 23 феврали соли 1993 ҷорӣ шудааст. Ин дараҷаро ба беҳтарин сержантҳои калон медиҳанд, ки дар мақомҳои созмонии сержантӣ на камтар аз 6 моҳ хидмат карда бошанд ё дар мақоме таъйин шуда бошанд, ки бино бар созмони низомӣ дараҷаи старшина муқаррар шуда бошад.

Remove ads

Пайвандҳо

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads