Берклий

From Wikipedia, the free encyclopedia

Берклий
Remove ads

Бе́рклий (Bk, лот. Berkelium) — унсури кимиёии гурӯҳи III ҷадвали даврии Менделеев; рақами тартибиаш 97, массаи ат. 247,0703. Мансуби актиноидҳост; унсури радиоактив.

Quick facts Берклий, Талаффуз ...
97
Берклий
247,07
5f97s2
Remove ads

Таърих

Берклийро физикдонҳои амрикоӣ Г. Сиборг, С. Томпсон ва А. Гиорсо дар Лабараторияи радиатсионии Донишгоҳи Калифорния дар асари бо алфазарраҳо бомбаборон кардани изотопи америтсий 241Am ҳосил кардаанд. Лаборатория дар шаҳраки донишҷӯёну олимон дар Беркли (иёлати Калифорния) ҷой гирифтааст. Аз ин хотир ба унсури мазкур номи «Б.»-ро доданд. Ҳашт изотопи Б. бо массаҳои аз 243 то 251 ҳосил карда шудааст, ки дарозумртарини онҳо изотопи 247Bk (давраи нимкоҳишаш 1380 сол) мебошад. Изотопи 249Bk-ро бо миқдори чанд микрограмм дар реакторҳои уран ҳосил менамоянд. Ба хотири меҳнатталаб будани истеҳсол 1 г Б. тақр. 10 млн доллар арзиш дорад. Дар натиҷаи таҷзияи ҳастаии изотопии 249Bk изотопи калифорний — 249Cf ба даст меояд. Соли 1962 Б. Каннингем ва шогирдаш Ҷ. Уолмен аввалин пайвасти Б.-BkO2-ро ҳосил ва сохти молекулавии онро му-айян намуданд. Барои гузарондани таҷриба олимон дар ихтиёр фақат 0,02 мкг Б. доштанд. Минбаъд як силсила пайвастҳои дигари Б. ҳосил карда шуданд. Миқдори бештарини Б., ки дар натиҷаи ба тавассути литий барқарор кардани фториди берклий BkF3 ҳосил шуда буд, 5 мкг-ро ташкил дод. Ҳамин тавр, имконияти муайян кардани ҳарор. гудозиши Б. (9860С) имконпазир гашт. Муқаррар карда шуд, ки Б. метавонад дар ду шакли сохтории гуногуни кристаллӣ вуҷуд дошта бошад. Барои омӯзиши хосиятҳои кимиёӣ намунаи Б.-ро андаруни найчаи шишагии хеле борик таҳти таъсири моддаҳои газшакл қарор дода, пайвастҳои гуногуни онро ҳосил намуданд. Таҳқиқи маҳлули пайвастҳои Б. нишон дод, ки дараҷаи оксидшавии устувори он +3 аст ва метавонад то дараҷаи +4 оксид шавад. Хосиятҳои кимиёии Б., аз ҷумла қобилияти ҳосил кардани пайвастҳои комплексӣ, иштирок дар равандҳои иваз ва ҷудо кардани ионҳо мавриди таҳқиқи олимон қарор дорад.

Remove ads

Эзоҳ

Адабиёт

Эзоҳ

Адабиёт

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads