Гадолиний
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Гадоли́ний (лот.нав: Gadolinium), Gd — унсури кимиёӣ аз гурӯҳи III ҷадвали даврии Менделеев; рақами тартибиаш 64, массаи атомиаш 157,26. Мансуби лантаноидҳост.
64 | Гадолиний |
157,25 | |
4f75d16s2 |
Remove ads
Таърих
Кашф
Гадолинийро соли 1880 кимиёдони швейсарӣ Шарл де Мариняк кашф кардааст.
Номгузорӣ
Ба шарафи муҳаққиқи унсурҳои нодир Юҳон Гадолин ном ниҳодаанд.
Хосиятҳо
Физикӣ
Филиззи душворгудози сафеди нуқрагун; ҳарорати гудозишаш 1312°С, ҳарорати ҷӯшишаш 2800°С, зичиаш 7,89 г/см3. Гадолиний 5,9∙10−4%-и массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Дар таркиби минералҳои гадолинит, монатсит, бастензит мавҷуд аст.
Химиявӣ
152Gd (давраи нимкоҳишаш 1014 сол) изотопи дарозумри гадолиний мебошад. Дар ҳавои намнок бо пардаи оксидӣ пӯшида мешавад. Дараҷаи оксидшавиаш +3. Дар шароити муқаррарӣ бо галогенҳо, вақти гарм кардан бо нитроген, сулфур, фосфор, силитсий ва гидроген вокуниш зоҳир мекунад. Бо филиззот хӯла ба вуҷуд меорад. Гадолиний оби гармро бо ихроҷи гидроген таҷзия менамояд. Хлорид, нитрат ва сулфатҳои гадолиний дар об хуб, карбонат, фосфат, фторид, оксалатҳои он бад ҳал мегарданд. Он дар техникаи ҳастаӣ ҳамчун ҷозиби нейтронҳо истифода мешавад.
Атомӣ
Изотопҳо
Дар табиат ҳафт изотопи гадолиний вуҷуд дорад.
Мавҷудият дар табиат
Гадолиний аз таркиби пӯлод сулфур ва газҳоро хориҷ намуда, хосиятҳои онҳоро беҳ месозад. Гадолиний ва хлориду сулфатҳои он дар таҳияи маводди миқнотисӣ истифода мешаванд. Молибдати гадолиний дар техникаи оптикию электронӣ, селениди он Gd2 Se3 дар таҳияи нимноқилҳо ба кор меравад.
Remove ads
Эзоҳ
Адабиёт
Сарчашма
Пайвандҳо
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads